Президент аъзои нави КМИР-ро ба тасдиқи парлумон пешниҳод кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и кишварро барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард. Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаи марбут ба тасдиқи аъзои нави КМИР ҶТ раиси Шӯрои адлия Дӯстмурод […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аъзои нави Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и кишварро барои тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон пешниҳод кард.

Котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов иттилоъ дод, ки дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Шӯрои маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасии масъалаи марбут ба тасдиқи аъзои нави КМИР ҶТ раиси Шӯрои адлия Дӯстмурод Муродзода, раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосими Ҷаҳонгир ва ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон Носир Салимӣ дар назар аст.

Ҳамчунин дар ҷаласаи Шӯро масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси гумрук ва қонун «Дар бораи фаъолияти гидрометереорологӣ» баррасӣ мешавад.

Зимнан зикр гардид, ки ғайр аз ин, аъзои Шӯро масъалаи тасдиқи Созишнома дар бораи маблағгузории муштараки Котиботи доимии Комиссияи байниҳукуматии ТРАСЕКА (Долон (коридор)-и нақлиётии Аврупо – Қафқоз – Осиё) миёни Тарафҳои Созишномаи асосии бисёрҷониба дар бораи нақлиёти байнулмилалӣ оид ба рушди долони Аврупо – Қафқоз – Осиёро низ мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.