Бохти дуюми мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар бозии даври дуюми гурӯҳи «С» дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал, ки дар шаҳри Тошканд идома дорад, мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Ветнам низ бо ҳисоби 1 бар 8 ба шикаст дучор шуд. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди бохти дуюми пайдарпай акнун мунтахаби Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи дигари мусобиқа аз […]

ASIA-Plus



Дар бозии даври дуюми гурӯҳи «С» дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал, ки дар шаҳри Тошканд идома дорад, мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Ветнам низ бо ҳисоби 1 бар 8 ба шикаст дучор шуд.

Бино ба

иттилои

Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди бохти дуюми пайдарпай акнун мунтахаби Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи дигари мусобиқа аз гурӯҳро аз даст дод.

Дар даври охирини мусобиқоти гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон имрӯз бо дастаи Тайван бозӣ мекунад, ки ин даста ҳам баъди ду бохт – аз Ветнам бо ҳисоби 4 бар 5 ва аз Таиланд бо ҳисоби 2 бар 7 дигар ба роҳёбӣ ба марҳилаи дигари мусобиқа довталабӣ намекунад.

Бозиҳои дигари мусобиқа бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфтанд:


Гурӯҳи «А»

– Қирғизистон – Ӯзбекистон – 1:2; Арабистони Саудӣ – Лубнон – 3:3; 


Гурӯҳи «В»

– Чин – Эрон – 0:7; Урдун – Ироқ – 3:4;


Гурӯҳи «С»

– Тоҷикистон – Ветнам – 1:8; Тайван – Таиланд – 2:7;


Гурӯҳи «D»

– Малайзия – Ҷопон – 1:11; Қатар – Австарлия – 2:5.

Ёдрас мекунем, ки Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал аз 10 то 21 феврал дар шаҳри Тошканд доир мегардад.

Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи чаҳорякфиналии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими мунтахаби Тоҷикистон, ӯ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» (Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон) бозӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ба қисмати финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 роҳхат мегиранд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.