Шикасти мунтахаби футзали Тоҷикистон дар бозии нахусти мусобиқоти қаҳрамонии Осиё



Дар бозии нахустини гурӯҳи «С» дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал, ки дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и пойтахти Ӯзбекистон – шаҳри Тошканд доир гардид, мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Таиланд бо ҳисоби 4 бар 5 ба шикаст дучор шуд.

Сарфи назар аз ин бохт, футзалистони тоҷик ҳоло ҳам имкон доранд, ки ба даври минбаъдаи мусобиқа роҳ ёбанд. Барои ин онҳоро лозим аст, ки дар вохӯриҳо рӯзи 13 феврал бо дастаи Ветнам ва бозии охир дар даври гурӯҳӣ рӯзи 15 феврал бо тими мунтахаби Тайван натиҷаи мусбат ба даст оранд.

Бозиҳои дигари мусобиқа бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфтанд:


Гурӯҳи «А»

– Лубнон – Қирғизистон – 4:4; Ӯзбекистон – Арабистони Саудӣ – 5:2;  


Гурӯҳи «В»

– Ироқ – Чин – 6:1; Урдун – Эрон – 0:6;


Гурӯҳи «С»

– Таиланд – Тоҷикистон – 5:4; Ветнам – Тайван – 5:4;


Гурӯхи «D»

– Ҷопон – Қатар – 1:0; Австралия – Малайзия – 2:1.

Ёдрас мекунем, ки Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал аз 10 то 21 феврал дар шаҳри Тошканд доир мегардад.


Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи чаҳорякфиналии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими мунтахаби Тоҷикистон, ӯ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» (Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон) бозӣ мекунад.

Қобили зикр аст, ки панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ба қисмати финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 роҳхат мегиранд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад.

spot_imgspot_img

Популярное