Дар бозии даври дуюми гурӯҳи «С» дар мусобиқаи Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал, ки дар шаҳри Тошканд идома дорад, мунтахаби Тоҷикистон аз дастаи Ветнам низ бо ҳисоби 1 бар 8 ба шикаст дучор шуд.
Бино ба
иттилои
Федератсияи футболи Тоҷикистон, баъди бохти дуюми пайдарпай акнун мунтахаби Тоҷикистон имкони роҳ ёфтан ба марҳилаи дигари мусобиқа аз гурӯҳро аз даст дод.
Дар даври охирини мусобиқоти гурӯҳӣ мунтахаби Тоҷикистон имрӯз бо дастаи Тайван бозӣ мекунад, ки ин даста ҳам баъди ду бохт – аз Ветнам бо ҳисоби 4 бар 5 ва аз Таиланд бо ҳисоби 2 бар 7 дигар ба роҳёбӣ ба марҳилаи дигари мусобиқа довталабӣ намекунад.
Бозиҳои дигари мусобиқа бо натиҷаҳои зерин анҷом ёфтанд:
Гурӯҳи «А»
– Қирғизистон – Ӯзбекистон – 1:2; Арабистони Саудӣ – Лубнон – 3:3;
Гурӯҳи «В»
– Чин – Эрон – 0:7; Урдун – Ироқ – 3:4;
Гурӯҳи «С»
– Тоҷикистон – Ветнам – 1:8; Тайван – Таиланд – 2:7;
Гурӯҳи «D»
– Малайзия – Ҷопон – 1:11; Қатар – Австарлия – 2:5.
Ёдрас мекунем, ки Чемпионати Осиё-2016 оид ба футзал аз 10 то 21 феврал дар шаҳри Тошканд доир мегардад.
Ду дастаи беҳтарини гурӯҳҳо ба давраи чаҳорякфиналии Чемпионати Осиё роҳ меёбанд. Дар сурати ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфтани тими мунтахаби Тоҷикистон, ӯ бо яке аз дастаҳои гурӯҳи «D» (Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон) бозӣ мекунад.
Қобили зикр аст, ки панҷ дастаи беҳтарини Чемпионати Осиё дар Ӯзбекистон ба қисмати финалии Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2016 роҳхат мегиранд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад.



