Кормандони милитсия сокини 57-солаи шаҳри Хуҷанд, корманди ҶДММ «Сомон-Аудит»-ро ҳангоми порагирӣ дастгир карданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда фаъолияти моливу хоҷагидории корхонаи шабакаҳои барқии ноҳияи Аштро дар давраи аз 1-уми январ то 31-уми декабри соли 2015 мавриди санҷиш қарор додаааст.
Гуфта мешавад, ҳангоми дар корҳо ошкор намудани камбудиҳо, аз корманди шабакаи барқии ноҳияи Ашт бо роҳи тамаъҷӯӣ 12 ҳазор доллари амрикоӣ талаб намуда, санаи 6 феврали соли 2016 маблағи 2 ҳазор сомониро мегирад ва санаи 12-уми феврал зимни гирифтани 3 ҳазор доллари амрикоӣ дастгир шудааст.
Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.



