Мувофиқи таҳқиқоти нави Шабакаи байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи кӯдакон (CRIN), дар рейтинги истифодаи пурсамари судҳо аз ҷониби кӯдакон барои ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ, Тоҷикистон миёни 197 кишвари саросари ҷаҳон зинаи 72-юмро касб кардааст.
Дар гузориши «Ҳуқуқ, воситаҳои ҳимояи ҳуқуқӣ ва намояндагӣ» дар бораи имкони муроҷиати кӯдакон ба суд ҳангоми поймол шудани ҳуқуқҳои онҳо, дастрасии онҳо ба захираҳои ҳуқуқӣ, пешниҳодҳо ҷиҳати қабули тадбирҳои ҳуқуқӣ дар ин самт ва истифода шудани ҳуқуқи байнулмилалии кӯдакон дар судҳои миллӣ маълумот дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдакон ба қонунгузории миллӣ дохил буда, метавонад бевосита дар судҳои Тоҷикистон мавриди амал қарор дода шавад. Дар робита ба риоя нашудани ҳуқуқи кӯдакон дар доираи парвандаҳои шаҳрвандӣ, маъмурӣ, конститутсионӣ ва ҷиноятӣ метавон шикоят бурд.
Дар судҳо маъмулан кӯдаконро яке аз волидон ё сарпарастон намояндагӣ мекунанд, ҳарчанд кӯдакони синни аз 14 то 18-сола баъзе ҳуқуқҳои мустақилона амал карданро низ доранд. Аз номи кӯдак Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон шикоят бурда метавонад. Ташкилотҳои ғайридавлатӣ метавонанд ташаббускори расидагӣ ба шикоят бошанд ё дар мурофиаҳои судӣ аз номи кӯдакони ҷабрдида ширкат варзида, аз ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя кунанд.





