Ташрифи директори Кумитаи иҷроияи яке аз сохторҳои СҲШ ба Душанбе



Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай  Евгений Сисоев рӯзҳои 16-18 феврал бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора департаменти итттилооти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Қобили зикр аст, ки 1 январи соли 2016 бо қарори шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ Евгений Сисоев ба ҳайси директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, воқеъ дар шаҳри Тошканд ба кор шурӯъ намуд.

Евгенйи Сисоев қаблан ба сифати муовини директори Хадамоти федералии амнияти Русия – роҳбари дастгоҳиКумитаи миллии зиддитеррористӣ фаъолият кардааст.

spot_imgspot_img

Популярное