БҶ лоиҳаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистонро густариш медиҳад



Вазири  молияи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён ва Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, Патрисия Виверс-Картер созишномаро  оид  ба  ҷудо  намудани  маблағгузории  иловагӣ  барои  Лоиҳаи  идоракунии  аз  ҷиҳати экологи  устувори  заминҳо  ва  беҳсозии  шароити  иқтисодии  ноҳияҳои  деҳот  ба  имзо  расониданд.

Маблағгузории  иловагӣ  дар  ҳаҷми  2.83  миллион  доллари  ИМА  аз  ҷониби  Раёсати  директорони иҷроияи Бонки ҷаҳонӣ моҳи июни соли 2015 ба тасвиб расид.

“Маблағгузории иловагӣ ба фарогирии ҷамоатҳои иловагии Тоҷикистон, ки дар он ҷамоатҳо аҳолии маҳаллӣ  дар  амалисозии  таҷрибаҳои  устувори  идоракунии  замин  ва  истеҳсолоти  кишоварзӣ  ба кӯмак ниёз доранд, мусоидат мекунад,”  гуфт  Патрисия Виверс-Картер,  Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ  дар  Тоҷикистон.  “Таъмини  деҳқонон  бо  дониш  ва  захираҳо  ҷиҳати  коҳишдиҳии  хатароти тағйирёбии  иқлим  ва  расидан  ба  амнияти  бештари  иқтисодӣ  дар  ҳоли  ҳозир  ва  дар  оянда  муҳим мебошад.”

Лоиҳаи идоракунии  аз ҷиҳати экологӣ устувори заминҳо ва беҳсозии  шароити  иқтисодии ноҳияҳои деҳот, ки моҳи октябри соли 2013 оғоз гардида буд бо  аҳолии  деҳоти  шаш ноҳияи вилояти Хатлон ва Ноҳияҳои  тобеи  ҷумҳурӣ  ҷиҳати  дастгирии  идоракунии  устувори  захираҳои  табиӣ  ва  баланд бардоштани дараҷаи устуворӣ  ба хавфҳои тағйирёбии иқлим,  ҳамкорӣ мекунад.  Он ҳамкорӣ  тавассути пешниҳоди  грант  ба  деҳот  ва  гуруҳи  истифодабарандагони  захираҳо  барои  амалисозии  чораҳои мутобиқшавӣ  ба  тағйирёбии  иқлим  ва  идоракунии  устувори  замин,  ҷалби  ташкилотҳои  ҷамъиятӣ  ба ҳамкорӣ бо ҷомеаҳо оид ба ин масоил ва дастгирии чорабиниҳои таҳлилӣ ва мубодилаи дониш сурат мегирад.

То  ба  имрӯз,  лоиҳа  ба  таҳкимбахшии  Гуруҳҳои  истифодабарандагони  чарогоҳҳо  дар  ноҳияҳои Ҷирғатол ва Тавилдара чиҳати амалисозии нақшаҳои идоракунии чарогоҳҳо  ва чорводорӣ, ки беҳтар намудани  идоракунии  чорводорӣ,  истеҳсолот  ва  барқарорсозии  чарогоҳҳоро  дастгирӣ  мекунанд, мусоидат намуд. Ғайр аз ин, Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об дар ноҳияҳои Фархор ва Кулоб нақшаҳои  идоракунии захираҳои  оби  дохилихоҷагӣ  ҷиҳати  ҳалли  чунин  масъалаҳо  ба  монанди шӯршавӣ, ботлоқшавӣ ва эрозияи замин,  амалӣ намуда истодаанд.  Бо кӯмаки  маблағгузории иловагӣ лоиҳа минтақаи фарогирии  худро васеъ намуда ба ҷамоатҳои мухталифи аз лиҳози иқлим осебпазир, бо дастгирии 6,500 хонавонаи иловагӣ, ки шумораи умумии баҳрабандагони лоиҳа ба зиёда аз 27,000 хонавода  ба  162,000 нафар  расонида мешавад, мусоидат мекунад.  Лоиҳа ба вусъатдиҳии минбаъдаи дастрасии  деҳқонон  ба  дониш  ва  малакаҳо  оид  ба  таҷрибаи  идоракунии  устувори  замин  ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мусоидат мекунад.

Лоиҳаи  аввалӣ  тавассути  маблағи  грантии  9,45  миллион  доллари  ИМА  аз  ҳисоби  Барномаи таҷрибавии  мутобиқшавӣ  ба  тағйирёбии  Хазинаи  стратегии  иқлим  (PPCR)  ва  маблағи  грантии  5,4 миллион  доллари  ИМА  аз  ҳисоби  Хазинаи  глобалии  экологӣ  маблағгузорӣ  мегардад.  Он  инчунин  аз саҳми  баҳрабарандагон,  яъне  ҷомеаҳои  маҳаллӣ  дар  ҳаҷми  тақрибан  2,03  миллион  доллари  ИМА бархӯрдор мебошад.  Дар доираи  маблағгузории  иловагӣ,  маблағҳои грантӣ дар ҳаҷми  2,83 миллион доллари  ИМА  –  0,83  миллион  доллари  ИМА  аз  ҳисоби  Ассотсиатсияи  байналмилалии  рушд  ва  2,0 миллион  доллари  ИМА  аз  ҳисоби  барномаи  PPCR  пешниҳод  мегарданд.  Лоиҳа  аз  ҷониби  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон амалӣ мегардад ва соли 2018 ба анҷом мерасад.

spot_imgspot_img

Популярное