Ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз зимни ҳамоиши тиҷоратии муштараки Қирғизистон/Тоҷикистон – Русия дар шаҳри Маскав муаррифӣ мешаванд. Ин ҳамоиши тиҷоратӣ (бизнес-форум) ҷузве аз барномаи иштироки корхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бузургтарин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федеросюни Русия – намоишгоҳи “Текстиллегпром” мебошад.
Ин сафар бо ибтикори лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад. Корхонаҳои Тоҷикистон барои шашумин бор пайдарпай бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федеросюни Русия мебошад, мегарданд. Дар ин муддат бештар аз 20 корхона аз Тоҷикистон бо мусоидати МТБ дар ин намоишгоҳ иштирок кардаанд ва аксарашон низ чаҳор-панҷ маротибаӣ ба ин намоишгоҳ рафтаанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ бо шартномаҳои чандсадҳазору чандмиллиондоллара баргаштаанд. Имсол ҳашт корхонаи нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат Текстил», “ХИМА Текстил”, “Нафиса”, “Нассоҷи Хуҷанд”, «Ноҳид», “Олим Текстайл”, «Ортекс», ва «Раҳимов А.А ».
Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 37000 нафар мерасад, ки дар майдони бештар аз 65000 метри мукааб бо маҳсулоти замонавии беш аз 2500 ширкат аз 42 кишвари ҷаҳон шинос мешаванд. Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупо Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд: ““Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоарад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо тамосҳо барқарор намоянд.”
Насим Ҳакимов, мудири кулли ширкати “Нассоҷи Хуҷанд” мегӯяд: “Иштирокҳои қаблӣ дар ин намоишгоҳ ба мо имкон дод, то бо ширкатҳои хориҷӣ шартномаҳои корӣ бандем. Талош дорем, то тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ҳузури худамонро дар бозори Русия таҳким бахшем”.
Дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳ, ҳамчунин, як ҳамоиши вижаи тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бозигарони аслии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистонро гирд меорад, то ҳамкориҳои эҳтимолиро баррасӣ кунанд ва ҳамчунин, бо маҳсулот ва хидматгузориҳои ширкатҳои Тоҷикистону Қирғизистон шинос бишаванд. Махсус барои ин ҳамоиш торнамои мазкур http://www.centralasiatextile.ru/ тарҳрезӣ шудааст.



