Муаррифии маҳсулоти ширкатҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи Маскав

Ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз зимни ҳамоиши тиҷоратии муштараки Қирғизистон/Тоҷикистон – Русия дар шаҳри Маскав муаррифӣ мешаванд. Ин ҳамоиши тиҷоратӣ (бизнес-форум) ҷузве аз барномаи иштироки корхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бузургтарин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федеросюни Русия – намоишгоҳи “Текстиллегпром” мебошад. Ин сафар бо ибтикори лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи […]

Иттилоияи расмӣ



Ширкатҳои нассоҷиву дӯзандагии Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз зимни ҳамоиши тиҷоратии муштараки Қирғизистон/Тоҷикистон – Русия дар шаҳри Маскав муаррифӣ мешаванд. Ин ҳамоиши тиҷоратӣ (бизнес-форум) ҷузве аз барномаи иштироки корхонаҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар бузургтарин намоишгоҳи байнулмилалии нассоҷӣ ва либосвории Федеросюни Русия – намоишгоҳи “Текстиллегпром” мебошад.

Ин сафар бо ибтикори лоиҳаи МТБ ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҳамкориҳо дар соҳаи тиҷорат гузаронида мешавад. Корхонаҳои Тоҷикистон барои шашумин бор пайдарпай бо мусоидат ва дастгирии Маркази тиҷорати байнулмилалӣ (МТБ) меҳмони намоишгоҳи байнулмилалии “Текстиллегпром”, ки азимтарин намоишгоҳи махсус дар Федеросюни Русия мебошад, мегарданд. Дар ин муддат бештар аз 20 корхона аз Тоҷикистон бо мусоидати МТБ дар ин намоишгоҳ иштирок кардаанд ва аксарашон низ чаҳор-панҷ маротибаӣ ба ин намоишгоҳ рафтаанд. Корхонаҳои Тоҷикистон аз ин намоишгоҳ бо шартномаҳои чандсадҳазору чандмиллиондоллара баргаштаанд. Имсол ҳашт корхонаи нассоҷиву дӯзандагии зерин имкони густариши бозори берунаи худро пайдо кардаанд: «Ваҳдат Текстил», “ХИМА Текстил”, “Нафиса”, “Нассоҷи Хуҷанд”, «Ноҳид», “Олим Текстайл”, «Ортекс», ва «Раҳимов А.А ».

Текстиллегпром”, ки боз ҳамчун Намоишгоҳи тиҷоратии федералии нассоҷӣ ва маҳсулоту таҷҳизоти саноати сабук шинохта мешавад, соле ду бор тақрибан 2000 ширкати тиҷоративу саноатиро ҷамъ меоварад. Теъдоди меҳмонони намоишгоҳ то ба 37000 нафар мерасад, ки дар майдони бештар аз 65000 метри мукааб бо маҳсулоти замонавии беш аз 2500 ширкат аз 42 кишвари ҷаҳон шинос мешаванд. Армен Заргарян, ҳамоҳангсози барномаҳои МТБ дар кишварҳои Аврупо Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ, мегӯяд: ““Текстиллегпром” истеҳсолкунандагон ва харидоронро аз тамоми минтақаҳои Русия гирдиҳам меоарад, ки имкони хуби шиносоӣ бо вазъи бозорро медиҳад. Аз ин рӯ, ин намоишгоҳ барои корхонаҳои содиркунандаи Тоҷикистон имкони хубест, то бозори Русия ва талаботи онро бештар омӯзанд ва беҳтар шиносанд ва бо шарикони эҳтимолӣ аз тамоми минтақаҳо тамосҳо барқарор намоянд.”

Насим Ҳакимов, мудири кулли ширкати “Нассоҷи Хуҷанд” мегӯяд: “Иштирокҳои қаблӣ дар ин намоишгоҳ ба мо имкон дод, то бо ширкатҳои хориҷӣ шартномаҳои корӣ бандем. Талош дорем, то тавассути иштирок дар намоишгоҳҳои нассоҷиву дӯзандагӣ ҳузури худамонро дар бозори Русия таҳким бахшем”.

Дар чаҳорчӯбаи намоишгоҳ, ҳамчунин, як ҳамоиши вижаи тиҷоратӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бозигарони аслии соҳаи нассоҷиву дӯзандагии Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистонро гирд меорад, то ҳамкориҳои эҳтимолиро баррасӣ кунанд ва ҳамчунин, бо маҳсулот ва хидматгузориҳои ширкатҳои Тоҷикистону Қирғизистон шинос бишаванд. Махсус барои ин ҳамоиш торнамои мазкур http://www.centralasiatextile.ru/ тарҳрезӣ шудааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.