Нигаронии шаҳрдории пойтахт аз беасос болоравии нархи чой



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аввали ҳафта бо иштироки васеи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои марбутаи шаҳрию худфаъолияти ҷамъиятӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон, бартараф кардани монополия дар навъҳои ҷудогонаи фаъолияти соҳибкорӣ ва пешгирии ба таври сунъӣ болоравии нархҳо дар бозорҳои пойтахт баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои

сомонаи расмии

мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар машварат қайд шуд, ки нархи чойи хушк беасос боло рафта, дар робита ба ин М.Убайдуллоев ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар бозору мағозаҳо дастрасии шаҳрвандон ба маълумот дар бораи кишвари истеҳсолкунанда, сертификати мутобиқат, санҷиши лабораторӣ ва масрафоти воридотии маҳсулот таъмин карда шавад.

Раиси пойтахт ба роҳбарони сохторҳои шаҳрдории пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани интизоми меҳнатӣ ва бартараф кардани санҷишҳои беасос дар тамоми субъектҳо дастуру супоришҳо дод.

Ҳамчунин М.Убайдуллоев дар ҷаласа нақшаҳои шаҳрдориро нисбати омодагиҳо ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва  Рӯзи пойтахт дақиқ намуда, аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки дар партави вусъати тадбирҳои оммавии ободонию созандагӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, баргузории ҳадафмандонаи чорабиниҳои зикршударо мувофиқ ба талаботи сатҳи пойтахт ҳамаҷониба таъмин созанд.

spot_imgspot_img

Популярное