Нигаронии шаҳрдории пойтахт аз беасос болоравии нархи чой

Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аввали ҳафта бо иштироки васеи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои марбутаи шаҳрию худфаъолияти ҷамъиятӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон, бартараф кардани монополия дар навъҳои ҷудогонаи фаъолияти соҳибкорӣ ва пешгирии ба таври сунъӣ болоравии нархҳо дар бозорҳои пойтахт баррасӣ шуданд. Бино […]

ASIA-Plus



Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев аввали ҳафта бо иштироки васеи роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои марбутаи шаҳрию худфаъолияти ҷамъиятӣ ва аҳли ҷамоатчигии шаҳр машварати корӣ доир намуд, ки дар он масоили ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгарон, бартараф кардани монополия дар навъҳои ҷудогонаи фаъолияти соҳибкорӣ ва пешгирии ба таври сунъӣ болоравии нархҳо дар бозорҳои пойтахт баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои

сомонаи расмии

мақомоти шаҳрдории Душанбе, дар машварат қайд шуд, ки нархи чойи хушк беасос боло рафта, дар робита ба ин М.Убайдуллоев ба сохторҳои марбута дастур дод, ки дар бозору мағозаҳо дастрасии шаҳрвандон ба маълумот дар бораи кишвари истеҳсолкунанда, сертификати мутобиқат, санҷиши лабораторӣ ва масрафоти воридотии маҳсулот таъмин карда шавад.

Раиси пойтахт ба роҳбарони сохторҳои шаҳрдории пойтахт ҷиҳати баланд бардоштани интизоми меҳнатӣ ва бартараф кардани санҷишҳои беасос дар тамоми субъектҳо дастуру супоришҳо дод.

Ҳамчунин М.Убайдуллоев дар ҷаласа нақшаҳои шаҳрдориро нисбати омодагиҳо ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ ва  Рӯзи пойтахт дақиқ намуда, аз ҳамагон даъват ба миён овард, ки дар партави вусъати тадбирҳои оммавии ободонию созандагӣ ба ифтихори 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ, баргузории ҳадафмандонаи чорабиниҳои зикршударо мувофиқ ба талаботи сатҳи пойтахт ҳамаҷониба таъмин созанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.