Задухӯрди навбатии мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистону Афғонистон

Дар дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ»-и марзи Тоҷикистону Афғонистон нимашаби 13 феврал марзбонон ва гуруҳи фаврии Қушӯнҳои сарҳадии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон аз ҳодисаи кӯшиши убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ карданд. Роҳбари маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи номаълуми мусаллаҳи […]

Аваз Юлдошев



Дар дидбонгоҳи сарҳадии «Ҳамадонӣ»-и марзи Тоҷикистону Афғонистон нимашаби 13 феврал марзбонон ва гуруҳи фаврии Қушӯнҳои сарҳадии Раёсати КДАМ дар вилояти Хатлон аз ҳодисаи кӯшиши убури ғайриқонунии марзи давлатӣ ва қочоқи маводи мухаддир пешгирӣ карданд.

Роҳбари маркази матбуоти Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки гурӯҳи номаълуми мусаллаҳи қочоқбарон дар ҳайати 6-7 нафар ҳангоми убури ғайриқонунии марз ба дастаи марзбонон дучор омада, ба талаботи марзбонон итоат намекунанд ва миёни онҳо задухӯрди мусаллаҳона сурат мегирад.

«Дар натиҷа қочоқбарон ба қаламрави кишвари ҳамсоя паноҳ бурда, зимни азназаргузаронии ҷойи ҳодиса беш аз 1 кило маводи мухаддири героин, 2 кило афюн ва зиёда аз 55 кило ҳашиш дарёфт шуд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки айни замон ин ҳодиса мавриди таҳқиқи мақомоти тафтишоти КДАМ Тоҷикистон қарор дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.