Табодули назар миёни Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо оид ба вазъи Афғонистон

Дар шаҳри Брюссел рӯзи 15 феврали соли 2016 вохӯрии дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид баргузор гардид. Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳоро муҳокима карда, доир ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла […]

ASIA-Plus



Дар шаҳри Брюссел рӯзи 15 феврали соли 2016 вохӯрии дуҷонибаи Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли Хадамоти аврупоии амалиёти хориҷии Иттиҳоди Аврупо хонум Ҳелга Шмид баргузор гардид.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкориҳоро муҳокима карда, доир ба масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла вазъи Афғонистон, изҳори назар намуданд.

Гуфта мешавад, мусоҳибон муносибатҳои Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупоро баланд арзёбӣ намуда, доир ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки баргузории он санаи 16 феврали соли ҷорӣ дар назар аст, мубодилаи афкор намуданд.

Зикр мегардад, ки ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ таҳти раисии Вазири корҳои хориҷии Шоҳигарии Нидерланд Берт Кендерс баргузор хоҳад шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ҷаласаи зикргардида Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов роҳбарӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.