Намоишгоҳи бузургмиқёси маҳсулоти Чин дар Душанбе

Дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо сафири Чин дар Тоҷикистон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, комплекси агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ғайраро таъкид намуданд. Шариф […]

ASIA-Plus



Дар мулоқоти раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Шариф Саид бо сафири Чин дар Тоҷикистон вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи тиҷоративу иқтисодӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ҷонибҳо зарурати густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, сармоягузорӣ, гидроэнергетика, саноат, нақлиёту коммуникатсия, комплекси агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ғайраро таъкид намуданд.

Шариф Саид изҳор дошт, ки Чин аз ҷумлаи шарикони бузурги савдои хориҷии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, барои Тоҷикистон бозори Чин яке аз бозорҳои муҳимтарин ба шумор меравад.

Дар ҷараёни вохӯрӣ зикр гардид, ки моҳи сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи бузургмиқёси маҳсулоти Чин доир мегардад, ки «ба рушди минбаъдаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ, ҷалби сармоя, технологияи навтарин ва таҷҳизот ба ҷумҳурӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак, дарёфти шарикони имконпазир ва имзои қарордодҳои ҳамкории барои ҷонибҳои муфид мусоидат мекунад».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.