Тоҷикистон дар панҷгонаи кишварҳои заъиф аз таъсири танзими беҳад зиёди асъор

Агентии амрикоии Bloomberg Тоҷикистонро ба сафи панҷ кишваре шомил намудааст, ки бинобар сабаби роҳ додан ба танзими беҳад зиёди асъор ба заъифӣ дучор шудаанд. Тибқи маълумоти назарсанҷии Bloomberg , дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Африқо шаҳрвандон ва корхонаву ташкилотҳо барои доллар аз 4 то 136% зиёдтар нисбат ба қурби расмӣ маблағ пардохт […]

ASIA-Plus



Агентии амрикоии Bloomberg Тоҷикистонро ба сафи панҷ кишваре шомил намудааст, ки бинобар сабаби роҳ додан ба танзими беҳад зиёди асъор ба заъифӣ дучор шудаанд.

Тибқи маълумоти назарсанҷии

Bloomberg

, дар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Африқо шаҳрвандон ва корхонаву ташкилотҳо барои доллар аз 4 то 136% зиёдтар нисбат ба қурби расмӣ маблағ пардохт мекунанд.

Дар гузориши агентӣ қайд мешавад, ки ба истилоҳ бозорҳои сиёҳ замоне рушд мекунанд, ки камбуди доллар эҳсос шуда, миёни ҳаҷми асъори хориҷӣ дар бозор ва арзиши боадолати он алоқамандӣ вуҷуд дорад.

Бино ба маълумоти Bloomberg, дар Тоҷикистон расман доллар ҳудуди 7,8 сомонӣ ва дар бозори сиёҳ – 8,15 сомонӣ арзиш дошта, ҳамин тариқ маблағи пардохти зиёд (бозпардохт) ё фарқ миёни қурби расмӣ ва бозори сиёҳ 4%-ро ташкил медиҳад.

Дар Миср фарқ миёни қурби расмӣ ва қурби кӯча- 12%, Нигерия – 70%, Ӯзбекистон – 110% ва Ангола – 136%-ро ташкил додааст.

Дар робита ба Тоҷикистон муаллифони гузориш қайд кардаанд, ки поинравии қурби арзи миллӣ дар ин кишвар соли 2015 ба 25% баробар шудааст.

Ҳамчунин муаллифон доир ба вобастагии иқтисоди ҷумҳурӣ ба интиқоли маблағҳои пулии муҳоҷирони корӣ аз хориҷи кишвар маълумот дода зикр мекунанд, ки ин воситаҳо қариб нисфи ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.