Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадшариф Ҳақдод рӯзи 16 феврали соли 2016 бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай Евгений Сисоев, ки баъд аз ба вазифа шурӯъ намуданаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар намудааст, дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти вохӯрӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар доираи СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои таъмини амният ва субот дар минтақаи Созмон, хусусан муқобилият бо терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, табодули назар карда шуд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ тасдиқ намуданд, ки ҳамасола заминаи шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва механизмҳои ҳамкории амалии давлатҳои аъзои СҲШ оид ба мубориза бар зидди қувваҳои “се таҳдид” такмил меёбанд. Ҳамчунин қайд гардид, ки дар таъмини самаранокии ин раванд нақши муҳимро мақомоти салоҳиятдори давлатҳои аъзои СҲШ ва Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ мебозанд.





