Эмомалӣ Раҳмон ба мавсими ниҳолшинонӣ ҳусни оғоз бахшид



Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нимаи дуюми рӯзи 17 феврал дар ҳашари ниҳолшинонӣ, ки дар атрофи Қасри Миллат баргузор гардид, иштирок намуда, ба мавсими нави ниҳолшинонӣ дар қаламрави кишвар ҳусни оғози расмӣ бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар ин ҷойи хушбоду ҳаво, ки бо қомат афрохтани навниҳолҳо ва ниҳолҳои солманду калонҷуссаи дарахтони паҳнбаргу сӯзанбарги сояафкану ороишӣ ба як мавзеи хеле зебою диданӣ ва дилнишин табдил ёфтааст, дарахтҳои дигари нодиру хушнамо шинонда шуд.

Бино ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, ниҳолпарварону боғпарварони кишвар ва ҳар як дӯстдори табиати зебо аз ҳар як рӯзи ҳавои мусоид  бояд пурсамар истифода бурда, дар бунёди боғу токзори наву барқарорсозии боғоти кӯҳна, кабудизорсозии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд.

Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи супоришу ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир якчанд барномаи давлатии рушди боғу токпарварӣ дар кишвар татбиқ гардида, дар доираи онҳо дар майдони қариб 100 ҳазор га боғу токзори нав бунёд ёфта, боғоти кӯҳна барқарор шуд.

Ҳоло дар мамлакат барномаи нави рушди  соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2016-2020 мавриди амал қарор дорад, ки тибқи он дар майдони беш аз 20 ҳазор га боғу токзори нав бунёд хоҳад ёфт.

spot_imgspot_img

Популярное