Худдории ҲСДТ аз иштирок дар раъйпурсии тағйирот ба Конститутсия



Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон (ҲСДТ) доир ба худдорӣ кардан аз иштирок дар маъракаи раъйпурсии умумихалӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба Конститутсияи ҷумҳурӣ изҳорот интишор намуд.

Дар изҳороти аз ҷониби раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров баимзорасида зикр мегардад, ки ҲСДТ аз Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дархост мекунад, ки намояндагони ҳизб ба ҳайати комиссияҳои ҳавзавӣ оид ба баргузории раъйпурсӣ дохил карда нашаванд.

Ба андешаи раиси ҲСДТ, тағйироти солҳои 1999 ва 2003 қабулшуда ба Конститутсия ба демократикунонии ҷомеа мусоидат накарданд.

«Тағйироти пешниҳодшуда ба раъйпурсии умумихалқии ба санаи 22 май таъиншуда низ ба демократикунонии ҷомеа мусоидат намекунанд», – мутмаин аст Зойиров.

spot_imgspot_img

Популярное