Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро 1% боло бурд



Бонки миллии Тоҷикистон меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд ва дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар кард.

«Бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати пулию қарзӣ ва зиёд гардидани фишорҳои қурбӣ ва таваррумӣ ба иқтисодиёти кишвар, мутобиқи моддаи 16-и Қонуни ҶТ «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» бо қарори Раёсати БМТ аз 18 феврали соли ҷорӣ меъёри бозтамвили БМТ ба андозаи 1,0 банди фоизӣ зиёд ва дар сатҳи 9,0 фоизи солона муқаррар карда шуд», – зикр мегардад дар маълумоти хадамоти матбуоти БМТ.

Гуфта мешавад, бо қарори дигари Раёсати БМТ аз 18 феврали соли равон меъёри фоизи қарзҳое, ки барои таъмини пардохтпазирии ташкилотҳои қарзӣ аз ҷониби БМТ пешниҳод мегарданд, дар сатҳи 18,0 фоизи солона муқаррар карда шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки қарорҳои мазкур аз санаи 1 марти соли равон дар амал татбиқ карда мешаванд.

spot_imgspot_img

Популярное