Ширкати Z-Analytics Group, ки дар заминаи гурӯҳи таҳилӣ-таҳқиқотии Маркази пажӯҳиши иҷтимоии «Зеркало» таъсис дода шудааст, миёни аҳолӣ оид ба муайян кардани овозхонҳои беҳтарину писандидатарини ҷумҳурӣ назарсанҷӣ доир намуд.
Дар назарсанҷие, ки дар саросари кишвар аз 24 декабри соли 2015 то 14 январи соли 2016 гузаронида шудааст, дар маҷмӯъ аъзои 920 хонавода тариқи телефон дар ин хусус андешаҳои худро баён кардаанд.
Ҳамин тариқ, тибқи натиҷаҳои назарсанҷӣ овозхони маҳбубу писандидатарини ҷумҳурӣ Нигина Амонқулова дониста шуда, ба ҷонибдории ӯ 14%-и пурсидашудагон изҳори назар кардаанд.
Бо касби 6%-и раъйҳо Зиёвиддини Нурзод мақоми дуюм ва Садридиини Наҷмиддину Афзалшоҳи Шодӣ ва Нозияи Кароматулло ҳар кадоме бо гирифтани 3%-и раъйи аҳолӣ зинаи сеюмро ишғол кардаанд.
Дар ҷараёни назарсанҷӣ пурсидашудагон дар маҷмӯъ аз 167 нафар овозхонҳо ном бурдаанд. 15% аз шумори умумии пурсидашудагон изҳор доштаанд, ки овозхони дӯстдошта надоранд.





