Тоҷикистон мардуми Беларусро бо бекор шудани таҳримҳои ИА табрик кард



Дар мактаби миёнаи №35-и шаҳри Минск ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов ба муносибати 20-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Беларус

чорабинӣ доир гардид

, ки донишҷӯёни тоҷик ва хонандагони мактаб иштирокчиёни асосии он буданд.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Минск, зимни суханронӣ дар ин чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов ба донишҷӯёну толибилмон дар бораи анъанаҳои қавии дӯстии мардуми тоҷику беларус, вазъи ҳозираи муносибатҳои кишварҳо дар бахшҳои гуногун маълумот дода, таъкид дошт ки ин анъанаҳоро насли нави дар чорабинӣ ҳузурдошта идома медиҳанд. «Соли 2016 дар Беларус Соли фарҳанг эълон шудааст ва имсол дар ин кишвар Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон баргузор мешавад», – гуфт сафир.

Бо зикри дастовардҳои Беларус дар сиёсати дохиливу хориҷӣ, сафир мардуми кишвари дӯстро дар робита ба бекор шудани таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо (ИА) нисбати ин кишвар табрик гуфт, ки муддати 13 сол идома доштанд.

Дар идомаи ичорабинӣ консерти хонандагони мактаб ва донишҷӯёни тоҷик баргузор шуда, сипас хонандагон таомҳои миллии кишварашонро муаррифӣ намудаанд ва ҳозирин сари дастурхони муштараки дӯстона суҳбат оростанд.

spot_imgspot_img

Популярное