Ҳукми зиндон ба ҷинояткорони машғул ба интиқоли маводи мухаддир ба Русия



Суди шаҳри Душанбе гурӯҳе аз сокинони кишварро, ки ба интиқоли миқдори зиёди маводи мухаддир аз Афғонистон тариқи Тоҷикистон ва минбаъд ба Русия ва Қирғизистон машғул буданд, ба муҳлатҳои гуногуни маҳрумият аз озодӣ маҳкум кард.

Бино ба иттилои маркази робитаҳои ҷамъиятии КДАМ Тоҷикистон, афроди боздоштшуда, сокини 34-солаи ноҳияи Ғончӣ Раҳмонбердӣ Саидов, сокини 42-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фарҳод Почоев, сокини 32-солаи шаҳри Душанбе Эмомалӣ Гулов ва сокини 39-солаи ноҳияи Фархор Баҳром Ҷалолов мутаносибан ба 20, 17, 16 ва 13 соли зиндон маҳкум карда шудаанд.

Хотиррасон карда мешавад, ки моҳи ноябри соли гузашта аз боздоштшудагон 140 кило маводи мухаддири героин, 50 кило афюн ва беш аз 1 ҳазор дона ҳаби психотропии «экстазӣ»-ро дарёфт ва мусодира гардида буд.

spot_imgspot_img

Популярное