Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов доир гардид.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ роҳбари Агентӣ меҳмонро бо тамоюлҳои асосии вазъи вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуда, ҷонибҳо масъалаҳои вусъат додани ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
Дар рафти сӯҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар чорчӯбаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Маркази Минтақавии Иттилоотии Ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ) дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар рафти вохӯрӣ директори Агентӣ меҳмонро бо таҷрибаи Тоҷикистон дар гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ шинос намуд.
Дар нутқи ҷавобии худ сафири Озарбойҷон директорро барои ҳамкорӣ арзи сипос кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.





