Ҳудуди 120 млн. сомонӣ ба тоҷирони Хатлон аз Фонди дастгирии соҳибкорӣ

Соли равон барои қарздиҳии имтиёзнок ба бахши тиҷорати вилояти Хатлон аз Фонди ҷамъиятии дастгирии соҳибкории назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо кардани ҳудуди 120 млн. сомонӣ дар назар аст. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, зимни мулоқот бо соҳибкорони вилояти Хатлон муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид изҳор доштааст, ки […]

Пайрав Чоршанбиев



Соли равон барои қарздиҳии имтиёзнок ба бахши тиҷорати вилояти Хатлон аз Фонди ҷамъиятии дастгирии соҳибкории назди ҳукумати ҷумҳурӣ ҷудо кардани ҳудуди 120 млн. сомонӣ дар назар аст.

Бино ба иттилои

хадамоти матбуоти

Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, зимни мулоқот бо соҳибкорони вилояти Хатлон муовини аввали нахуствазири ҷумҳурӣ Давлаталӣ Саид изҳор доштааст, ки соли гузашта Фонд аз ҳисоби воситаҳои буҷет ба 21 субъекти соҳибкории вилояти Хатлон дар ҳаҷми умумии 36,2 млн. сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо кардааст.

Бо такя ба маълумоти оморӣ, Д.Саид таъкид доштааст, ки ба санаи 31 декабри соли 2015 дар ҷумҳурӣ беш аз 275 субъекти фаъолияти соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2014 беш аз 32 ҳазор ё худ 12% зиёдтар аст.

Муовини аввали нахуствазири кишвар ҳамчунин зикр кардааст, ки дар вилояти Хатлон охири соли гузашта зиёда аз 87 ҳазор субъектҳои соҳибкорӣ ба қайд гирифта шудаанд, ки дар қиёс бо шумори онҳо дар ахири соли 2014 ба андозаи  9,6% бештар мебошад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.