Мулло Абдураҳим фарзияи худ дар бораи сар задани ҷанги шаҳрвандиро иброз медорад

Мулло Абдураҳим ё худ Абдураҳим Каримов, яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, ки феълан фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ аст ва яке фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва сипас муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар меҳмони маҳфили навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» мешавад. Маҳфили мазкур бо […]



Мулло Абдураҳим ё худ Абдураҳим Каримов, яке аз муассисони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, ки феълан фаъолияташ дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ аст ва яке фармондеҳони саҳроии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, собиқ сардори Хадамоти гумрук ва сипас муовини директори Агентии назорати маводи нашъаовар меҳмони маҳфили навбатии фонди ҷамъиятии «Гуфтугӯи тамаддунҳо» мешавад.

Маҳфили мазкур бо иштироки Мулло Абдураҳим санаи 25 феврал соати 16-30 дар маҷмааи савдои «Пойтахт» доир мегардад.

Мулло Абдураҳим, ки имрӯз ба ҳайси декани факултаи филологияи шарқи Донишкадаи исломии Тоҷикистон фаъолият дорад, ба саволҳои иштирокчиёни маҳфил дар мавзӯи рӯйдодҳои солҳои 90-уми асри гузашта дар Тоҷикистон, сабабҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва омилҳои асосии он посух хоҳад гуфт.

Зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо ходимони дин, ки 4 июли соли 2013 дар Душанбе доир гардид, Мулло Абдураҳим изҳор дошт, ки сабабгори асосии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҲНИТ ва раҳбарияти он мебошанд. Он замон ӯ аз ҳукуматдорон дархост кард, ки фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави  Тоҷикистон манъ карда шавад.

«Маро бубахшед, ки яке аз муассисони ҲНИТ будам, дигар ба иштибоҳҳое, ки ман роҳ додам, шумо дубора роҳ надиҳед». – қайд карда буд ӯ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Баъди гузориши “Азия-Плюс” духтарчаи дусолаи шоҳномахонро қадрдонӣ кардаанд

Раёсати маорифи вилояти Суғд ба суроғи ин кӯдаки шоҳномахон рафтааст.

Рустам Ятимов гаронтар шуд: дарвозабони мунтахаби Тоҷикистон акнун 2 млн евро нарх дорад

Ин беҳтарин нишондиҳанда миёни футболбозони мунтахаби миллии ҷумҳурӣ аст.

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Чаро рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд?

Сабаби бекор шудани қувваозмоӣ дарёфти допинг дар ҷисми варзишгари Куба мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.