Президент: Фазои ором дар Тоҷикистон аз садоқати низомиён вобаста аст

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки имрӯз ҷашн гирифта мешавад, генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро табрик кард. Дар паёми телевизионии сарвари давлат дар ин робита зикр мегардад, ки бисту се сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати […]

ASIA-Plus



Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки имрӯз ҷашн гирифта мешавад, генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро табрик кард.

Дар

паёми телевизионии

сарвари давлат дар ин робита зикр мегардад, ки бисту се сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст.

«Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям», омадааст дар паём.

Сарвари давлат таъкид медорад, ки дар зарфи беш аз ду даҳсолаи охир артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.

«Ҳамватанони азизамон хуб дар ёд доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор доштанд. Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат барои сохторҳои низомии мо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст», – қайд мешавад дар паём.

Гуфта мешавад, ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мекунад, зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён – аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба – вобаста мебошад.

«Аз ин хотир, ҳар як афсару сарбоз ва ҳар як ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд», – таъкид мешавад дар паёми сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.