Густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон дар мубориза бо маводи мухаддир

Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов доир гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ роҳбари Агентӣ меҳмонро бо тамоюлҳои асосии вазъи вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуда, ҷонибҳо масъалаҳои вусъат додани ҳамкории […]



Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Шерхон Салимзода бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов доир гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентӣ, дар рафти вохӯрӣ роҳбари Агентӣ меҳмонро бо тамоюлҳои асосии вазъи вобаста бо маводи нашъаовар дар Тоҷикистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ шинос намуда, ҷонибҳо масъалаҳои вусъат додани ҳамкории дуҷониба байни Агентӣ ва сафорати Озарбойҷон дар Тоҷикистонро баррасӣ карданд.

Дар рафти сӯҳбат инчунин масъалаҳои ҳамкорӣ дар чорчӯбаи Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Маркази Минтақавии Иттилоотии Ҳамоҳангсозии Осиёи Марказӣ (ММҲИОМ) дар соҳаи мубориза бар зидди муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Дар рафти вохӯрӣ директори Агентӣ меҳмонро бо таҷрибаи Тоҷикистон дар гузаронидани чорабиниҳои зиддимухаддиротӣ шинос намуд.

Дар нутқи ҷавобии худ сафири Озарбойҷон директорро барои ҳамкорӣ арзи сипос кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳо дар оянда боз ҳам мустаҳкам хоҳанд гардид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷашнвораи оилавӣ. “Салом, тобистон!” чӣ гуна гузашт?

Ин ҷашнвораи анъанавӣ аз чорабиниҳои дӯстдоштаи сокинон аст, ки ҳар сол интизор мешаванд.

Боздошти як ҷавони афғонистонӣ бо гумони куштори падараш дар шаҳри Ваҳдат

Нисбати ӯ бо моддаи "одамкушӣ" парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

“Wildberries” тиҷорати электрониро дар Тоҷикистон рушд медиҳад. Зиёда аз 100 соҳибкор дар бораи имкониятҳои нави содиротӣ барои тиҷорат маълумот гирифтанд

Соҳибкорон бо тарзи кори маркетплейс, воситаҳои пешбурди маҳсулот ва имкониятҳои рушди тиҷорат шинос шуданд.

Рақобати Асрор Воҳидов бекор шуд: камарбанди WBC Eurasia ҳоло ҳам соҳиб надорад

Яке аз қувваозмоиҳои деринтизор дар минтақа, ки бояд дар Тошканд баргузор мешуд, ногаҳон доир нагардид.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 6

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тамдиди қоидаҳои вуруд барои муҳоҷирон. Аз 1-уми июн дар қонунгузории Русия чӣ тағйир ёфт?

Чанд тағйироте, ки аз 1-уми июн ба ҳукми амал даромад, гирдоварӣ кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаҳои савдо, хидматрасонии маишӣ ва коммуналӣ аст.