Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон изҳор мекунад, ки кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари ВКД Тоҷикистон дар интиқоли 56 кило маводи мухаддир, ки ҳафтаи гузашта дар наздикии марзи Тоҷикистону Афғонистон мусодира шуд, даст надоранд.
Котиби матбуотии Саараёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ахири ҳафтаи гузашта зимни амалиёти махсус дар мавзеи Хирманҷои ноҳияи Шӯрообод марзбонон дар ҳамдастӣ бо кормандони ВКД миқдори ниҳоят зиёди маводи мухаддирро мусодира намуданд.
Ба иттилои манбаъ, зимни ин амалиёт чор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва як нафар шаҳрванди Афғонистон боздошт ва аз онҳо ду адад таппончаи Макаров бо 32 дона тир, 8 адад телефони ҳамроҳ (мобилӣ) ва 56,5 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира шудааст.
«Миёни ин афроди боздоштшуда кормандони ВКД Тоҷикистон ҳузур надоранд», – таъкид дошт М.Улуғхоҷаев.
Ёдрас мекунем, ки қаблан Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон маълумоти рӯзи 22 феврал дар чанде аз ВАО интишоршуда
дар бораи боздошти чор нафар
кормандони шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовари Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ба гумони нашъаҷаллобӣ рад кард.





