Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 23-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки имрӯз ҷашн гирифта мешавад, генералҳо, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳуриро табрик кард.
Дар
паёми телевизионии
сарвари давлат дар ин робита зикр мегардад, ки бисту се сол аст, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар рисолати муқаддаси худ – ҳимояи амнияти давлати соҳибистиқлоламон ва зиндагии орому осоиштаи мардуми Тоҷикистонро бо устувориву фидокорӣ иҷро карда истодааст.
«Ба муносибати ин санаи фархунда тамоми ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакатро самимона табрик гуфта, ба кулли ҳомиёни содиқи марзу буми Ватан сиҳатмандиву хушбахтӣ ва сарбаландиву барори кор орзу менамоям», омадааст дар паём.
Сарвари давлат таъкид медорад, ки дар зарфи беш аз ду даҳсолаи охир артиши миллии мо ба мактаби тарбияи ватандӯстиву ватандорӣ ва матонату мардонагӣ табдил ёфта, то имрӯз дар сафҳои худ даҳҳо ҳазор ҷавонони обутобёфтаро ба камол расонидааст.
«Ҳамватанони азизамон хуб дар ёд доранд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар кадом вазъу шароит қарор доштанд. Ҳоло дар натиҷаи тадбирҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат барои сохторҳои низомии мо тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст», – қайд мешавад дар паём.
Гуфта мешавад, ҳукумати мамлакат дар доираи барномаҳои рушди Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ва ҷиҳати ба мактаби воқеии омодасозии муҳофизони Ватан табдил додани ҷузъу томҳои низомӣ аз ҳамаи захираву имкониятҳо истифода мекунад, зеро дар марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ фазои орому осудаи Ватан ва таъмини амнияти давлат ва ҷомеа аз сатҳи масъулиятшиносӣ ва садоқати низомиён – аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба – вобаста мебошад.
«Аз ин хотир, ҳар як афсару сарбоз ва ҳар як ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ӯ, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд», – таъкид мешавад дар паёми сарфармондеҳи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.





