Даъвати ИА ба тафтиши мунсифонаи парвандаҳо нисбати аъзои ҲНИТ

ASIA-Plus



Иттиҳоди Аврупо (ИА) изҳор медорад, ки аз посухҳои ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди амалҳои террористии 4 сентябр, ки ба манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боис гардид, нигарон аст.

Дар

изҳороти

мунташиршудаи Иттиҳоди Аврупо зикр мегардад, ки дар пайи ин рӯйдод бисёре аз аъзои ҲНИТ ҳабс ва бидуни кафолати суди мунсифона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки ҲНИТ дар рӯйхати созмонҳои байнулмилалии террористӣ ҷой надорад.

Ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо аз ҳабси адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров, Нодир Додоҷонов ва Нуриддин Маҳкамов, ки аз манфиатҳои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ҳимоят мекарданд, низ нигаронӣ изҳор намудааст.

«Мо муҳим будани риояи қонунҳоро тасдиқ намуда, ҳукумати Тоҷикистонро ба таъмини тафтиши боадолатона ва шаффофи парвандаҳои ҷиноӣ нисбати аъзои боздштшудаи ҲНИТ ва адвокатҳои онҳо мутобиқи уҳдадориҳои байнулмилалӣ даъват мекунем. Иттиҳоди Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байнулмилалиаш дар доираи САҲА дастгирӣ карданист», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Материал доступен на этих языках:

Cхожие материалы

spot_imgspot_img

Популярное

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Последние новости
Свежее

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...