Даъвати ИА ба тафтиши мунсифонаи парвандаҳо нисбати аъзои ҲНИТ

Иттиҳоди Аврупо (ИА) изҳор медорад, ки аз посухҳои ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди амалҳои террористии 4 сентябр, ки ба манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боис гардид, нигарон аст. Дар изҳороти мунташиршудаи Иттиҳоди Аврупо зикр мегардад, ки дар пайи ин рӯйдод бисёре аз аъзои ҲНИТ ҳабс ва бидуни кафолати суди мунсифона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. […]



Иттиҳоди Аврупо (ИА) изҳор медорад, ки аз посухҳои ҳукумати Тоҷикистон дар мавриди амалҳои террористии 4 сентябр, ки ба манъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон боис гардид, нигарон аст.

Дар

изҳороти

мунташиршудаи Иттиҳоди Аврупо зикр мегардад, ки дар пайи ин рӯйдод бисёре аз аъзои ҲНИТ ҳабс ва бидуни кафолати суди мунсифона ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Дар изҳорот қайд мешавад, ки ҲНИТ дар рӯйхати созмонҳои байнулмилалии террористӣ ҷой надорад.

Ҳамчунин Иттиҳоди Аврупо аз ҳабси адвокатҳо Бузургмеҳр Ёров, Нодир Додоҷонов ва Нуриддин Маҳкамов, ки аз манфиатҳои аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ҳимоят мекарданд, низ нигаронӣ изҳор намудааст.

«Мо муҳим будани риояи қонунҳоро тасдиқ намуда, ҳукумати Тоҷикистонро ба таъмини тафтиши боадолатона ва шаффофи парвандаҳои ҷиноӣ нисбати аъзои боздштшудаи ҲНИТ ва адвокатҳои онҳо мутобиқи уҳдадориҳои байнулмилалӣ даъват мекунем. Иттиҳоди Аврупо ҳукумати Тоҷикистонро дар иҷрои уҳдадориҳои байнулмилалиаш дар доираи САҲА дастгирӣ карданист», – гуфта мешавад дар изҳорот.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".