Назди бинои дафтари кории Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар шаҳри Хуҷанд даҳҳо ҷавонон ба нишони эътироз гирдиҳам омаданд. Аксҳои гирдиҳамоиро иштирокчиёни он дар шабакаҳои иҷтимоӣ интишор намуданд.
Ҷавонон, ки аз рӯи шиору овезаҳояшон мансубияташон ба «ҷавонони Созандагони Ватан» аён буд, ба ихтиёри Тоҷикистон супурдани «хоинон»-и ватан аз ҳисоби ҷонибдорони ҳизби ҳоло мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон ва «Гурӯҳи 24»-ро талаб доштанд.
Дар шиорҳо ҳамчунин даъватҳое ҷой доштанд, ки аллакай ду маротиба дар
гирдиҳамойии
назди намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Душанбе ва сафорати Туркия рӯзи 22 феврал садо дода буданд.
Қобили зикр аст, ки ду рӯз баъди баргузории як гирдиҳамоии эътирозӣ дар муқобили намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар Душанбе, ин ниҳод
изҳороте пахш кард
ва гуфт, ки ин корпуси дипломатӣ дар таъмини амнияташ ба ҳукумати Тоҷикистон умед мебандад.
Ёдрас мекунем, ки дар Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» расман амал мнекунад, ки ҷиноҳи ҷавонони ҳизби халқии демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. ТҶ «Созандагони Ватан» соли 2011 дар Душанбе таъсис дода шудааст.



