Суди вилояти Суғд Мулло Ашрафов, омӯзгори яке аз омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд, сокини 67-солаи ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро барои қатли келини 34-солааш – модари чор наберааш ба 20 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард.
Судяи суди вилояти Суғд ва ҳамзамон раиси ин мурофиа Муҳаммадзода Ҳомидҷон Бобоҷон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ин ҳодиса шоми рӯзи 13 январи соли 2016 ба вуқӯъ пайваста, байни падари хонадон ва келин, ки ҳамзамон хоҳарзодааш будааст, муноқишаи оилавӣ сар мезанад.
«Дар ин ҷанҷол Мулло Ашрафов ба келинаш дар назди набераҳои ноболиғаш бо корди хоҷагӣ 8 зарба зада, дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад», – иброз дошт судя.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти
Радиои Озодӣ
, келинаш бо қарори додгоҳ ҳамроҳи чор кӯдак дар хонаи ӯ маскун шуда будааст. Худи Мулло Ашрафов дар сухани охиринаш дар додгоҳ гуфтааст, танҳо баъди лабрез шудани косаи сабр ба ин кор даст задааст. «Агар ба коса ҳар рӯз аз боло як қатра об чакидан гирад, коса лабрез мешавад. Косаи сабри ман ҳам лабрез шуд. Ман то кай мебардорам?», – афзудааст ӯ.



