Тоҷикистон дар сафи се кишвари дорои зиёдтарин меъёри андозҳо

Дар гузориши ҳамасолаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ Global Competitiveness Report   Тоҷикистон ба сафи се кишвари дорои меъёрҳои андозҳои зиёдтарин шомил шудааст. Кишварҳои пешсаф дар сарбории зиёдтарини андозҳо Аргентина ва Боливия ном бурда шудаанд, ки меъёри андоз дар онҳо  дар маҷмӯъ мутаносибан 137,3% ва 83,7%-ро ташкил медиҳад. Баъди онҳо Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ки сарбории умумии андоз […]

ASIA-Plus



Дар гузориши ҳамасолаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ


Global Competitiveness Report


  Тоҷикистон ба сафи се кишвари дорои меъёрҳои андозҳои зиёдтарин шомил шудааст.

Кишварҳои пешсаф дар сарбории зиёдтарини андозҳо Аргентина ва Боливия ном бурда шудаанд, ки меъёри андоз дар онҳо  дар маҷмӯъ мутаносибан 137,3% ва 83,7%-ро ташкил медиҳад. Баъди онҳо Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ки сарбории умумии андоз дар ин кишвар 80,9% арзёбӣ шудааст.

Ба даҳгонаи кишварҳои дорои зиёдтарин сарбории андозҳо ҳамчунин Колумбия (75,4%), Алҷазоир (72,7%), Мавритания (71,3%), Бразилия (69%), Гвинея (68,3%), Фаронса (66,6%) ва Никарагуа (65,8%) дохил шудаанд.

Дар ин гузориш коршиносони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ аз маҷмӯи доманадори нишондиҳанадҳои иқтисодӣ истифода намуда, яке аз нишондиҳандаҳо меъёри умумии андоз мебошад, ки ифодаи баланди он ба рақобатпазирии паст шаҳодат медиҳад.

Гуфта мешавад, барои арзёбии меъёрии умумии андозбандӣ аз маълумоти Бонки ҷаҳонӣ истифода мешавад. Зикр мегардад, ки аслан пардохти ин андозҳо уҳдадории ширкатҳо, на шахсони машғули кор дар онҳо аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.