Таъхири пардохти андози «Шивер Тоҷикистон» барои ифтитоҳи гипермаркети «Ашан»

Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки муҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) аз ҷониби ширкати «Шивер Тоҷикистон» барои воридоти маҳсулот ва таҷҳизот ба ҷумҳурӣ ба хотири ифтитоҳи гипермаркети «Ашан» дар Душанбе 6 моҳ мавқуф гузошта шавад. Қарори дахлдори ҳукумати ҶТ дар ин хусус  санаи 9 феврали соли равон ба имзо расида, тибқи […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Тоҷикистон дастур додааст, ки муҳлати пардохти боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашуда (ААИ) аз ҷониби ширкати «Шивер Тоҷикистон» барои воридоти маҳсулот ва таҷҳизот ба ҷумҳурӣ ба хотири ифтитоҳи гипермаркети «Ашан» дар Душанбе 6 моҳ мавқуф гузошта шавад.

Қарори дахлдори ҳукумати ҶТ дар ин хусус  санаи 9 феврали соли равон ба имзо расида, тибқи ин санад, ҳаҷми умумии маблағи пардохташ батаъхирафтода 2 млн. 491 ҳазору 384 евроро ташкил медиҳад.

Ба хадамоти гумрук дастур дода шудааст, ки «бо анҷоми муҳлати таъхир ҷиҳати бидуни баҳс рӯёнидани маблағ мувофиқи талаботи қонунгузории амалкунандаи ҶТ тадбирҳо андешида, назорати дуруст пешниҳод намудани арзиши расмиёти гумрук ва истифодаи мақсадноки номгӯи маҳсулоти воридшударо таъин кунад».

Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақим ба бунёди нахустин гипермаркет дар Тоҷикистон 7 млн. евроро ташкил медиҳад. Майдони ин мағоза 5 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, навъи маҳсулот аз 12 ҳазор адад иборат хоҳад буд.

Аз ҷумла, намояндагии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Душанбе барои сохтмони иншооти мазкур ба «Шивер-Тоҷикистон» – ширкати фаръии гурӯҳи Schiever, ширкати фаронсавӣ, ки шарики «Ашан групп» дар Фаронса ва Лаҳистон (Полша) мебошад, 5 млн. евро маблағ ҷудо кард.

Директори генералии «Шивер Тоҷикистон» Фредерик Лоббе қаблан зикр карда буд, ки «ҷорисозии савдои муосири чакана барои Тоҷикистон як инқилобест ва ба таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат мекунад. Гипермаркети мо «Ашан» бо интихоби зиёди маҳсулоти хушсифат бо нархҳои дастрас барои ҳама мағозаи писандида хоҳад шуд».

Ҳамчунин лозим ба зикр аст, ки сокинони Тоҷикистон маъмулан маҳсулоти ғизойиро дар бозорҳо ва мағозаҳои начандон бузург харидорӣ мекунанд, ки дар онҳо нархи маҳсулот ба таври қобили мулоҳиза баландтар аст.

Тирамоҳи соли 2015

дар ин робита иттилоъ дода будем

, ки яке аз ширкати фурӯшандаи чакана (ритейлер)-и фаронсавии «Ашан» ба таҳвили маҳсулоти ғизойӣ ва дигар молҳо аз Русия ба Тоҷикистон шурӯъ кард.

«Дар остонаи ифтитоҳи мағозаи аввали «Ашан сити» дар Душанбе интиқоли санҷишии маҳсулоту борҳо аз Русия ба Тоҷикистон сурат гирифт. Беш аз 80%-и маҳсулоти бори нахуст интиқолдодашуда ба Тоҷикистонро ширкатҳои русиягӣ истеҳсол кардаанд», – 

хабар дода буд

хадамоти матбуоти Aushan ба ВАО-и Русия.

Гипермаркети мазкур нахустин дар минтақаи Осиёи Марказӣ буда, имкон дорад, ки дар мағозаи нахустин 300 нафар кормандони маҳаллиро бо кор таъмин намояд. Тибқи ҳисобу китоби пешакӣ, пас аз ифтиоҳи гипермаркет ҳаҷми муомилоти он дар соли 2016 ба 270 млн. сомонӣ баробар шуда, ҳаҷми андоз аз арзиши иловашуда 41 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 75

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Вазир: “Деҳқон озод аст”. Раис: “Пахта кор”. Кишоварзон чӣ кор бояд кунанд?

Вазорати кишоварзӣ мегӯяд, ҳеқ кас барои маҷбур кардани деҳқонон ҳақ надорад, лекин мақомот дар маҳалҳо ҳарчи зиёдтар фишор меоранд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 апрели соли 2026

Аз пахши радиои "Азия-Плюс" дар Хатлон то зодрӯзи Аъзам Сидқӣ ва Заррагул Искандарова