Тренинги USAID оид ба мубориза зидди бемории сил

Барномаи Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба мубориза бар зидди бемории сил тренингро марбут ба ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) “Иштирок дар мубориза алайҳи бемории сил ENGAGE-TB” ҷиҳати ҷалб намудани чорабиниҳо дар мубориза алайҳи бемории сил дар кору фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муддати панҷ рӯз баргузор намуд. […]

Иттилоияи расмӣ



Барномаи Оҷонсии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба мубориза бар зидди бемории сил тренингро марбут ба ташаббуси Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) “Иштирок дар мубориза алайҳи бемории сил ENGAGE-TB” ҷиҳати ҷалб намудани чорабиниҳо дар мубориза алайҳи бемории сил дар кору фаъолияти созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба муддати панҷ рӯз баргузор намуд.

Тренинги мазкур ба чорабиниҳои марбут ба бемории сил, ки дар сатҳи ҷомеа мегузаранд, мусоидат намуда хизматрасониҳоро тавассути ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин ҳамгироӣ бо дигар бахшҳои рушд густариш хоҳад дод. Дар натиҷа, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ташкилотҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд ин ташаббусро миёни худ ва дар ҳамкорӣ  бо  Барномаи миллии оид ба  назорати сил хубтар амалӣ намоянд.

Баъд аз анҷоми тренинг, иштирокчиён гурӯҳи кориро ҷиҳати таҳия намудани Нақшаи нави миллӣ оид ба ҷалби ҷомеа дар Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020, ки Нақшаи миллии қаблан таҳиягардидаро оид ба тарғибу ташвиқ, коммуникатсия ва сафарбаркунии иҷтимоӣ иваз хохад кард, таъсис медиҳанд. 

Дар саросари дунё, қариби сеяки ҳолатҳои бемории сил ташхис нагардидаанд ё ин ки ба қайд гирифта нашудаанд. Агар шахсон ҳатто бо гумони бемории сил муайян гардида бошанд, одатан ташхис ва муолиҷа дер сурат мегирад, ки он ба хурӯҷи беморӣ оварда мерасонад ва боиси масрафи зиёди муолиҷа мегардад.

Бо мақсади беҳтар намудани ҳолати ошкоркунӣ ва қайди бемории сил, ташаббуси ТУТ “Иштирок дар мубориза алайҳи бемории сил ENGAGE-TB” берун аз муассисаҳои тиббӣ ҷомеаҳо ва хонаводаҳои алоҳидаро фаро мегирад. Ҷалби аҳолии осебпазир ва дурдаст аз ҷониби  ташкилотҳои ҷамъиятӣ аксари вақт, нисбат ба муассисаҳои давлатӣ, ба таври натиҷабахш ба назар мерасад, ки он дар навбати худ дастрасиро ба хизматрасониҳои тиббӣ таъмин менамояд.

Барномаи USAID оид ба  мубориза бар зидди бемории сил ин барномаи панҷсола буда, ҳадафи он аз коҳиш додани талафоти бемории сил дар Тоҷикистон иборат мебошад. Он ба беҳтар намудани сиёсати миллӣ оид ба бемории сил; беҳдошти дастрасӣ ба ташхис ва муолиҷа барои гурӯҳҳои мақсадноки аҳолӣ, мусоидат ба низоми нигоҳубини ба бемор нигаронидашуда; инчунин тақвияти лабораторияҳо ва дигар қисмҳои низоми тандурустӣ дар вилоятҳои Суғд, Хатлон ва водии Рашт. USAID – агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ созмони пешсафи Ҳукумати ИМА мебошад, ки дар якҷоягӣ бо мардуми Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба пешрафти иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо мусоидат менамояд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат

“Шикор”-и кирокашҳои “10-сомонӣ”. Сокинони Душанбе чӣ назар доранд?

Аз оғози моҳи апрел пулиси Душанбе ба “шикор”-и кирокашҳое, ки миёни мардум бо номи “таксиҳои 10 - сомонӣ” маъруф аст, оғоз кардаааст.

“Бо мардум кор кунед, ҷойи кор таъсис диҳед”. Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара ба роҳбарон чӣ гуфт?

Ӯ инчунин соҳаҳои маорифу тандурустӣ, саноат ва кишоварзиро таҳлилу баррасӣ кард.