Таваҷҷуҳи Фонди Саудӣ ба таъмиру роҳу пулҳо дар ВМКБ

ASIA-Plus



Вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён рӯзи 25 феврал бо намояндагони Фонди  Саудии Рушд Абдуллоҳ ал-Ҳувайтер ва Сулаймон ал-Ветайд дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот вазир ба намояндагони Фонд барои дастгирӣ ба амалисозии як қатор лоиҳаҳои афзалиятнок дар Тоҷикистон миннатдорӣ изҳор намуда, ҷонибҳо ҳамчунин масоили шартҳои пешниҳоди воситаҳои пулӣ ва дигар масоили мавриди таваҷчуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол, зимни мулоқот бо муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон Суҳроб Мирзоев намояндагони Фонд изҳор доштаанд, ки аз ҷониби онҳо масъалаи маблағгузорӣ ба барқарор кардани роҳу пулҳо дар ВМКБ, ки аз офатаҳои табиии соли гузашта осеб диданд, мавриди баррасӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ, дар мулоқот лоиҳаҳои афзалиятноки комплекси нақлиёт, ки аз ҷониби Вазорат коркард шудаанд, баррасӣ гардиданд.

Қобили зикр аст, ки Фонди Саудии рушд амалисозии як қатор лоиҳаҳо дар Тоҷикистон дар самти рушди зербинои нақлиёт дар кишвар, аз ҷумла лоиҳаи сохтмони роҳи мошингарди Душанбе – Қалъаи Хумбро маблағгузорӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...