Дар гузориши ҳамасолаи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ
Global Competitiveness Report
Тоҷикистон ба сафи се кишвари дорои меъёрҳои андозҳои зиёдтарин шомил шудааст.
Кишварҳои пешсаф дар сарбории зиёдтарини андозҳо Аргентина ва Боливия ном бурда шудаанд, ки меъёри андоз дар онҳо дар маҷмӯъ мутаносибан 137,3% ва 83,7%-ро ташкил медиҳад. Баъди онҳо Тоҷикистон ҷойгир шудааст, ки сарбории умумии андоз дар ин кишвар 80,9% арзёбӣ шудааст.
Ба даҳгонаи кишварҳои дорои зиёдтарин сарбории андозҳо ҳамчунин Колумбия (75,4%), Алҷазоир (72,7%), Мавритания (71,3%), Бразилия (69%), Гвинея (68,3%), Фаронса (66,6%) ва Никарагуа (65,8%) дохил шудаанд.
Дар ин гузориш коршиносони Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ аз маҷмӯи доманадори нишондиҳанадҳои иқтисодӣ истифода намуда, яке аз нишондиҳандаҳо меъёри умумии андоз мебошад, ки ифодаи баланди он ба рақобатпазирии паст шаҳодат медиҳад.
Гуфта мешавад, барои арзёбии меъёрии умумии андозбандӣ аз маълумоти Бонки ҷаҳонӣ истифода мешавад. Зикр мегардад, ки аслан пардохти ин андозҳо уҳдадории ширкатҳо, на шахсони машғули кор дар онҳо аст.



