Санаи 1- уми марти соли ҷорӣ маркази нави хизматрасонии Бонки Эсхата дарҳои худро барои мизоҷон боз намуд. Сохтори мазкур дар маркази Хуҷанд, рӯ ба рӯи маркази савдои Анис ҷойгир шудааст. Минбаъд ин сохтори бонкӣ талаботи мизоҷон ва сокинони маркази шаҳро ба хизматрасониҳои бонкӣ батезӣ қонеъ хоҳад кард.
Ба ҳайати кормандони марказ кормандони ботаҷрибаи бонк, ки тӯли солҳои зиёд дар Бонки Эсхата кору фаъолият мебаранд шомил гардидаанд. Марказ дорои ороиши замонавӣ буда, бо техникаи зарурии ташкиливу корӣ таъмин карда шудааст. Дар маросими кушодашавии МХБ роҳбарияти бонк, кормандони Департаменти қарзӣ ва кормандони худи марказ иштирок намуданд.
Раиси Раёсати Бонк Хуршед Носиров дар баромади худ қайд намуд: «Маркази хизматрасонии мазкур боз як қадам барои иҷрои вазифаи асосӣ, наздик шудан ба мизоҷон аст. Ман кормандони марказро бо ифтитоҳи сохтори бонкӣ ва оғози кор дар ҷои нав табрик мекунам. Итминон дорам, ки фаъолияти марказ рӯз аз рӯз пеш меравад. Ба Шумо муваффақият, рӯзи хуш ва сарҷамъиро таманно дорам. Боварӣ дорам, ки ба яке аз марказҳои рушдкунандаи Бонки Эсхата мубаддал мегардед!»
Бояд қайд намуд, ки Маркази нав мутобиқ ба нақшаи тасдиқшуда ва стратегияи Идораи амалиётии Бонки Эсхата ташкил гардид. Ин сохтор омода аст, ки хизматрасониҳои асосии бонкӣ аз қабили интиқоли пулӣ, намудҳои гуногуни қарз, мубодилаи асъор ва ғайраҳоро ба мардум бо сифати баланд расонад.
Умуман имрӯз шабакаи сохтории Бонки Эсхата дар ҳудуди кишвар 23 филиал, 261 маркази хизматрасонии бонкӣ ва наздик 417 нуқтаи интиқоли пулӣ дорад.





