Миллиардери эронӣ ба қатл маҳкум шуд

Суди Эрон миллардер Бобаки Занҷонӣ ва ду нафар ҳаммаслаки ӯро ба иттиҳоми фасод дар замин ба қатл маҳкум кард. Дар ин бора бо истинод ба намояндаи суд  Ғуломмуҳсин Эжеӣ Reuters хабар медиҳад. «Нисбати Бобаки Занҷонӣ ва боз ду нафар айбдоршаванда дар парвандаи марбут ба нафт ҳукм содир шуд, суди зинаи аввал онҳоро дар ҷиноят алайҳи […]



Суди Эрон миллардер Бобаки Занҷонӣ ва ду нафар ҳаммаслаки ӯро ба иттиҳоми фасод дар замин ба қатл маҳкум кард. Дар ин бора бо истинод ба намояндаи суд  Ғуломмуҳсин Эжеӣ Reuters хабар медиҳад.

«Нисбати Бобаки Занҷонӣ ва боз ду нафар айбдоршаванда дар парвандаи марбут ба нафт ҳукм содир шуд, суди зинаи аввал онҳоро дар ҷиноят алайҳи Худо ва давлат айбдор медонад», – овардааст гуфтаҳои Эжеиро РИА Новости.

Суд ҳамчунин қарор кардааст, ки воситаҳои дуздидашуда баргардонида шаванд, аз ҷумла ба Ширкати миллии нафти Эрон, вале маблағ мушаххас гуфта нашудааст.

Дар мусоҳиба ба яке аз нашрияҳои эронӣ Занҷонӣ иброз доштааст, ки дорои қариб 10 млрд. доллари ИМА аст, ки дар муомилоти нафтӣ бо Туркия, АМА ва Малайзия кор кардааст.

Занҷониро 30 декабри соли 2013 баъди даъвати 12 аъзои парлумон аз ҳукумат ҷиҳати тафтиши фаъолияти молиявии ӯ ба ҳабс гирифтанд. Занҷониро ба фасод гумонбар медонистанд.

Пас аз ҷорӣ шудани таҳримҳо нисбати Ширкати миллии нафтии Эрон, ба кишвар идомаи содироти нафт зарур буд. Ширкат ба Занҷонӣ дастур дод, ки нафти мутааллиқ ба ширкат ба маблағи ҳудуди 3 млрд. доллари ИМА-ро содирот намояд. Занҷонӣ ҳеҷ гуна кафолате пешниҳод накард, ки ин қонуншиканӣ маҳсуб меёбад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.