Низомии руси ба таксирони тоҷик дарафтода ба табобат фиристода шуд

Хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Толстой, ки моҳи августи соли гузашта баъди ба таксирони тоҷик Тоҳир Султонов дарафтоданаш боздошт шуда буд, барои муолиҷаи маҷбурии рӯҳӣ ба бемористони Красноярск фиристода шудааст. Дар ин бора Русская служба BBC    хабар медиҳад. Зикр мегардад, ки қаблан ташхиси судии рӯҳӣ, ки дар Екатеринбург гузаронида шуд, […]



Хизматчии ҳарбии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон Дмитрий Толстой, ки

моҳи августи соли гузашта

баъди ба таксирони тоҷик Тоҳир Султонов дарафтоданаш боздошт шуда буд, барои муолиҷаи маҷбурии рӯҳӣ ба бемористони Красноярск фиристода шудааст. Дар ин бора


Русская служба BBC

 


 хабар медиҳад.

Зикр мегардад, ки қаблан ташхиси судии рӯҳӣ, ки дар Екатеринбург гузаронида шуд, аз рӯҳан бемор будани ӯро муайян кард. Дмитрий Толстой ба Тоҷикистон истирдод намешавад.

Ёдрас мекунем, ки охири моҳи августи соли гузашта сарбози пойгоҳи 201-уми низомии Русия дар Тоҷикистон бо корд ба сокини шаҳри Қурғонтеппа дарафтода, дар натиҷа ӯ ҷароҳатҳои сершумор бардошт. Дмитрий Толстой, хизматчии ҳарбии қисми ҳарбии пойгоҳи низомии 201 дар шаҳри Қӯрғонтеппа бо чандин зарби корд таксирони 24-сола, сокини маҳаллаи Ғайрати шаҳри Қӯрғонтеппа Тоҳир Султоновро маҷрӯҳ карда буд.

Таксирон Тоҳир Султонов дар ҳолати вазнин, бо захмҳо дар гардану сар ва дастон ба бемористон оварда шуд. Ӯ дарҳол ҷарроҳӣ шуда, баъди ду рӯз ба палатаи умумӣ гузаронида шуд.

Қобили зикр аст, ки соли 2014 низ ду сарбози дигари рус – Илдар Сахапов ва Федор Басимов 

дар қатли ронандаи таксӣ Раҳимҷон Тешабоев муттаҳам шуда,

 ба 13 ва 17 соли зиндон маҳкум шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.