Ҳалокати марзбони тоҷик зимни муқовимат бо толибон

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 09:30 дақиқаи рӯзи 5-уми марти соли равон, ҳангоми таъмини реҷаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи марзбонон ва афсарони КДАМ ҶТ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷ» гурӯҳи 9 нафараи сартопо мусаллаҳи террористон таҳти роҳбарии шаҳрванди ҶИА Мирафзал валади Арбоб Шерафзал […]



Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки соати 09:30 дақиқаи рӯзи 5-уми марти соли равон, ҳангоми таъмини реҷаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи марзбонон ва афсарони КДАМ ҶТ дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷ» гурӯҳи 9 нафараи сартопо мусаллаҳи террористон таҳти роҳбарии шаҳрванди ҶИА Мирафзал валади Арбоб Шерафзал зимни убури ғайриқонунии сарҳади давлатӣ ошкор гардид.

Гуфта мешавад, ҳангоми амалиёт оид ба безарар гардонидани гурӯҳи мазкур, аъзои узви ин даста  мулло Фасҳиддин валади Қурбон ба ҳалокат расида, як нафари дигар аз ҳамин гурӯҳи қочоқчӣ захмдор шуд.

«Мутаассифона, дар ҷараёни муқовимати мусаллаҳонаи қочоқчиён хизматчии ҳарбии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ прапоршик Сафолов Сӯҳроб Зардович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Кӯлоб ҷароҳати вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид», – омадааст дар маълумот.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон амалиёт оид ба дастгир ва безарар гардонидани ин гурӯҳи террористӣ идома дорад.

Маркази робитаҳои ҷамъиятии Сарраёсати Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ изҳор менамояд, ки ашхоси дар ин ҳодиса дастдошта пурра муайян ва нисбат ба онҳо дар асоси талаботи қонунгузории ҶТ чораҳои қатъӣ андешида хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти васоити ахбори умуми Афғонистон, ин гурӯҳи мусаллаҳе, ки бо марзбонони тоҷик дар муқовимат шуд, ба ҳаракати ифротгарои «Толибон» мансуб будааст.

Амонуддин Қурайшӣ, раиси ноҳияи Имом Cоҳиби Кундуз дар мусоҳиба ба ВАО зикр кардааст, ки ин қитъаи марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати ҷангиёни Толибон қарор дорад.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон ҷангиёни ҳаракати ифротгаро қариб 30%-и қаламрави вулусволии Имом Соҳиби вилояти Қундузро таҳти назорат доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.