Дастури президент оид ба муайян кардани оилаи беҳтарин

Бо амри президенти Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ барои муайян кардани шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ озмун эълон карда шуд. Бо амри сарвари давлат барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмун таҳти раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим комиссия таъсис дода шуда, ба ҳайати он намояндагони дастгоҳи […]



Бо амри президенти Тоҷикистон бахшида ба ҷашни 25-солагии истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ барои муайян кардани шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, хона ва оилаи намунавӣ озмун эълон карда шуд.

Бо

амри сарвари давлат

барои дар сатҳи зарурӣ баргузор намудани озмун таҳти раҳбарии муовини нахуствазир Азим Иброҳим комиссия таъсис дода шуда, ба ҳайати он намояндагони дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат ва вазорату идораҳои дахлдор шомиланд.

Озмун дар чор давра дар ноҳияҳо ва шаҳру вилоятҳо доир гардида, натиҷаҳои он 20 августи соли 2016 дар Душанбе ҷамъбаст мешаванд.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шудааст, ки дар якҷоягӣ бо иттифоқҳои рассомон ва дизайнерони Тоҷикистон намунаи Шоҳҷоиза, нишони хотиравӣ, шаҳодатнома ва дипломҳо барои ғолибони озмунро омода намояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.