БҶ: Таъмини пешрафти минбаъда ба Тоҷикистон душвор мешавад

Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) таҳти унвони «Слушая Таджикистан» натиҷаҳои таҳқиқоти сатҳи некӯаҳволии хонаводаҳоро интишор намуд. Таҳлилгарони бонк бар ин назаранд, ки дар таъмини воситаҳо барои зиндагӣ ва некӯаҳволии моддии аҳолӣ Тоҷикистон бо хатарҳои назаррас дучор мешавад. «Чанде аз ин хатарҳо имконпазир метавонанд комёбиҳои бузургмиқёси даҳсолаи охир дар мубориза бо камбизоативу осебпазириро барҳам зананд. Ба туфайли […]



Ҳайати Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) таҳти унвони


«Слушая Таджикистан»


натиҷаҳои таҳқиқоти сатҳи некӯаҳволии хонаводаҳоро интишор намуд.

Таҳлилгарони бонк бар ин назаранд, ки дар таъмини воситаҳо барои зиндагӣ ва некӯаҳволии моддии аҳолӣ Тоҷикистон бо хатарҳои назаррас дучор мешавад.

«Чанде аз ин хатарҳо имконпазир метавонанд комёбиҳои бузургмиқёси даҳсолаи охир дар мубориза бо камбизоативу осебпазириро барҳам зананд. Ба туфайли рушди устувори иқтисодӣ, сатҳи камбизоатӣ аз 37,4% дар соли 2012 то 31,6% дар семоҳаи аввали соли 2015 поин рафт, вале дар шароити мавҷуда нигаҳдории чунин натиҷаҳо ва таъмини пешрафти минбаъда бештар душвор мегардад», – қайд мекунанд коршиносон.

Ин таҳқиқот бар асоси баргузор намудани мониторинг давра ба давра дар чор самт: муҳоҷират ва интиқоли маблағҳои пулӣ, даромад ва шуғл, камбизоатӣ ва эҳсоси субъективии некӯаҳволии моддӣ ва хизматгузориҳо оид ба таъминот бо нерӯи барқ ва об таҳия шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.