Боздошти сокини Шаҳринав барои таҳидиди куштани фарзандони як оила

ASIA-Plus



Кормандони милитсия рӯзи 7 март марди 25-солаи сокини ноҳияи Шаҳринавро ба гумони тамаъҷӯӣ дастгир карданд.

Дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон дар шарҳи ин маълумот менависад, муайян карда шудааст, ки гумонбаршуда моҳи январи соли 2015 дар хонаи истиқоматии зани 46-солаи сокини шаҳри Душанбе муддати 10 шабонарӯз корҳои таъмирӣ анҷом дода, оид ба шахсияти шавҳар ва фарзандони ноболиғи соҳибхона маълумот пайдо мекунад.

Гуфта мешавад, сипас, моҳи феврали соли 2016 бо мақсади тамаъҷӯӣ якчанд маротиба аз рақамҳои гуногун ба телефони мобилии зани 46-сола занг зада, худро муаррифӣ намекунад ва бо таҳдиди куштор ва расонидани зарари ҷисмонӣ нисбати фарзандони ноболиғаш аз ӯ 6 ҳазору 500 доллари амрикоӣ талаб намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон тайи соли ахир ба андозаи 17,3% афзуд

Музди меҳнати номиналии миёнаи моҳона дар Тоҷикистон, ки моҳи январи соли 2026 ҳисоб шудааст, 3114,56 сомонӣ (ҳудуди 325доллар)-ро ташкил медиҳад, ки 17,3% зиёдтар нисбат...

Маҳкумшудагони ҳамла ба толори “Крокус” аз рӯйи ҳукми додгоҳ шикоят кардаанд

Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода, Фаридуни Шамсидин ва Муҳаммадсобир Файзов,...

РАСМАН: Иди Рамазон дар кишвар 20-уми март таҷлил мешавад

Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 48

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...