30 млн. $-и БОР баҳри дастгирии маълумоти касбиву техникии Тоҷикистон

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона созишномаи моҳи ноябри соли гузашта баимзорасидаи ҳукумати ҷумҳурӣ бо Бонки осиёгии рушд (БОР)-ро тасдиқ намуд. Мутобиқи ин созишнома, БОР баҳри дастгирии низоми маълумоти касбиву техникии Тоҷикистон 30 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли […]



Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз бидуни баррасӣ ва якдилона созишномаи моҳи ноябри соли гузашта баимзорасидаи ҳукумати ҷумҳурӣ бо Бонки осиёгии рушд (БОР)-ро тасдиқ намуд.

Мутобиқи ин созишнома, БОР баҳри дастгирии низоми маълумоти касбиву техникии Тоҷикистон 30 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо мекунад.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода изҳор намуд, ки аз ин маблағ 15 млн. доллар ба сифати грант ва 15 млн. ба сифати қарзи имтиёзнок пешниҳод мегардад.

«Муддати 5 сол дар доираи амалисозии лоиҳа 29 литсейҳои касбиву техникӣ ва марказҳо, ки минбаъд аз рӯи 17 ихтисос кадрҳои ҳирфаӣ омода мекунанд, аз таъмир бароварда шуда, аз нав бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд», – иброз дошт ӯ.

Вазир қайд кард, ки зимни омода кардани мутахассисон ба касбҳое таваҷҷуҳ зоҳир карда хоҳад шуд, ки бозорҳои кори кишвар ба онҳо эҳтиёҷ доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.