Барои зоҳир намудани зиракиву ҳушёрӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва кӯмак расонидан барои дарёфти силоҳу аслиҳа ба ноболиғон Муҳаммадазими Муҳаммадалӣ, хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №59-и деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Амиршоҳ Нодиров, хонандаи синфи 5-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ аз номи вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори сипос ва ба ҳар кадоми онҳо тӯҳфаҳои қимматнок «Ноутбук»
супурда шуд
. Волидони онҳо бо ифтихорномахои Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ шуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 6-уми марти соли 2016 ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғони зикргардида
оиди дарёфт намудани махфигоҳ
бо 3-адад гранатамёт ва дигар лавозимоти ҷангӣ дар обанбори маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар расониданд.
Гуфта мешавад, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии ВКД ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронида, силоҳи дарёфтшударо мусодира намуданд. Ҳангоми идома додани амалиёти тозакунӣ аз тарафи гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ, инчунин 1-адад АКМ, 1-адад норинҷаки дастӣ, маводҳои тарканда ва тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуд.
Зимнан зикр мегардад, ки вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин ба Фарзонаи Қурбон, соли таваллудаш 2003, хонандаи синфи 6-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №55-и деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат низ ноутбук тақдим кард. Санаи 7-уми марти соли равон Фарзонаи Қурбон
оиди дарёфти силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар марғзор
ба падараш – полковники милитсия хабар дод. Волидони Фарзона низ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.





