Толибилмон дар канораи пойтахт махфигоҳи силоҳ дарёфтанд

Барои зоҳир намудани зиракиву ҳушёрӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва кӯмак расонидан барои дарёфти силоҳу аслиҳа ба ноболиғон Муҳаммадазими Муҳаммадалӣ, хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №59-и деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Амиршоҳ Нодиров, хонандаи синфи 5-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ аз номи вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори […]



Барои зоҳир намудани зиракиву ҳушёрӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва кӯмак расонидан барои дарёфти силоҳу аслиҳа ба ноболиғон Муҳаммадазими Муҳаммадалӣ, хонандаи синфи 8-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №59-и деҳаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ ва Амиршоҳ Нодиров, хонандаи синфи 5-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №77-и ноҳияи Фирдавсӣ аз номи вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро изҳори сипос ва ба ҳар кадоми онҳо тӯҳфаҳои қимматнок «Ноутбук»

супурда шуд

. Волидони онҳо бо ифтихорномахои Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ шуданд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, 6-уми марти соли 2016 ба ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ ноболиғони зикргардида

оиди дарёфт намудани махфигоҳ

бо 3-адад гранатамёт ва дигар лавозимоти ҷангӣ дар обанбори маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рӯдакӣ хабар расониданд.

Гуфта мешавад, гурӯҳи оперативӣ-тафтишотии ВКД  ҷойи ҳодисаро аз назар гузаронида, силоҳи дарёфтшударо мусодира намуданд. Ҳангоми идома додани амалиёти тозакунӣ аз тарафи гурӯҳи оперативӣ-тафтишотӣ, инчунин 1-адад АКМ, 1-адад норинҷаки дастӣ, маводҳои тарканда ва тирҳои қутрашон гуногун дарёфт ва мусодира карда шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин ба Фарзонаи Қурбон, соли таваллудаш 2003, хонандаи синфи 6-уми мактаби миёнаи таҳсилоти умумии №55-и деҳаи Симиганҷи ноҳияи Ваҳдат низ ноутбук тақдим кард. Санаи 7-уми марти соли равон Фарзонаи Қурбон

оиди дарёфти силоҳу лавозимоти ҷангӣ дар марғзор

ба падараш – полковники милитсия хабар дод. Волидони Фарзона низ бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.