Густариши робитаҳои илмии Тоҷикистону Чин

Аз 7 то 9 марти соли 2016 намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИ ҶТ) дар ҳайати президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Муминов бо сафари хизматӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин қарор доштанд. […]



Аз 7 то 9 марти соли 2016 намояндагони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИ ҶТ) дар ҳайати президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ ва директори Институти физикаю техникаи ба номи С.У.Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳикмат Муминов бо сафари хизматӣ дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Халқии Чин қарор доштанд.

Тавре аз хадамоти матбуоти АИ ҶТ дар ин робита иттилоъ доданд, дар рафти  сафар ҳайати намояндагӣ дар Вазорати илм ва технологияи Ҷумҳурии Халқии Чин, Академияи илмҳои табиатшиносии Чин, Академияи илмҳои гуманитарии Чин, Ширкати миллии ҳастаии Чин, ҳамчунин институтҳои зертобеъ – Институти физика (Озмоишгоҳи миллии физикаи муҳитҳои конденсии Пекин) ва Институти физикаи энергияҳои баланди Академияи илмҳои табиатшиносии Чин вохӯриҳои судманд анҷом доданд.

Тарафҳо оид ба ҷараёни рушди ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва технология, ки дар Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология (соли 1993) ва Созишномаи ҳамкорӣ байни Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин (соли 2014) пешбинӣ гардидаанд, изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҷиҳати назорат ба рафти амалишавии созишномаҳои басташуда, иҷрои лоиҳаҳои муштарак ва коркарди самтҳои нави ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва технология гурӯҳи кории доимоамалкунанда  таъсис диҳанд.

Тарафҳо ба таҳкими ҳамкории стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Чин дар соҳаи илм, технология ва маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, роҳҳои ҳамкории минбаъдаро дар чаҳорчӯбаи минтақаи иқтисодии Роҳи Бузурги Абрешим муайян карданд.

Санаи 10 марти соли 2016 ҳайати намояндагӣ барои идомаи гуфтугузорҳо бо воҳидҳои дахлдори Вазорати илм ва технологияҳои Ҷумҳурии Халқии Чин ва Академияи илмҳои табиатшиносии Чин ба шаҳри Урумчӣ сафар намуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.